Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Бобоҷон Ғафуров - муаррихи Машриқзамин» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Бобоҷон Ғафуров - муаррихи Машриқзамин» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид

Дар Осорхонаи миллии Тољикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров - муаррихи Машриқзамин» намоиши ҷумҳуриявї ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло аз ҷумла зикр намуд, ки “мо ҳоло шоҳиди иқдоми навбатии наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар як оилаи кишвар тақдим намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров қарор дорем. Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон бошад як қатор ордену медалҳо, ҳуҷҷатҳо, аксҳо, туҳфаҳо ва дигар ашёҳои осорхонавии марбут ба фаъолияти ин шахсияти зиндаёди миллати тоҷик ҳифз карда мешавад. Дар робита ба ин, имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ин маводи таърихӣ ва осорхонавиро ба муносибати 30-олагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузорем”.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тољикистон 110 адад экспонат, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Бояд зикр намуд, ки дар як гӯшаи намоиш китоби тозанашри Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа гардида истодааст, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо дар таҳқиқоти маданият ва таърихи халқи тоҷик, балки дар омӯзиши таърихи умумибашарӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар намоиш аксҳо аз рафти иштирок ва суханрониҳои Бобоҷон Ғафуров дар як қатор конференсияҳои байналмилалӣ аз ҷумла дар Югославия (1960), Ироқ (1969), Ленинград (1972) ва Калкута (1974) пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд. Хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров бо мукофотҳои баланди давлатӣ бо шаш ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалу нишонҳо қадрдонӣ шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳамчунин дар қисмате аз намоиш диплому сипосномаҳо ва грамотаҳои фахрӣ, шаҳодатномаҳо, ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ, китобҳо мансуб ба аллома Бобоҷон Ғафуров пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз фаъолият ва дастовардҳои пурсамари эшон қисса менамоянд. Дар маркази намоишгоњ бошад тавассути оинаи нилгун филми мустанад доир ба фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров манзури тамошобинон гардонида шудааст. Намоиши «Бобоҷон Ғафуров - муаррихи Машриқзамин» то 10.03.2021 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.