Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Ҷаласаи умумии солона
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Ҷаласаи умумии солона

23.01.2021 дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарият ва кулли кормандони муассиса ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 доир гардид.

Ҷаласаро директори МД ОМТ муҳтарам Ибодуллозода А. И. ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти умумии муассиса, бахусус доир ба корҳои оммавӣ-маърифатӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, намоишӣ-экспозитсионӣ, фондӣ ва ҷамъоварӣ гузориши таҳлилиро бо далелҳои мушаххас манзури аҳли нишаст намуд. Қайд гардид, ки дар соли 2020 Осорхонаи миллии Тоҷикистон новобаста аз мушкилиҳои баамаломада, ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Дар соли 2020 портали сайёҳии ТурСтат Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба қатори 10 осорхонаи беҳтарини ИДМ шомил намуд. Инчунин аз ҷониби сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» дар бахши ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» дар соли 2020-ро соҳиб гардид. Дар ин давра 40808 нафар тамошобинон аз толорҳои экспозитсионии муассиса дидан намуданд, ки аз ин шумора 568 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил медиҳад. Бинобар сабаби паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 таносуби шумораи тамошобинон дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ба миқдори 72023 нафар коҳиш ёфтааст.

Осорхонаи миллӣ барои ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол дар байни осорхонаҳои Осиёи Миёна нахустин шуда, баргузории экскурсияҳои виртуалиро амалӣ намуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии муассиса ҷиҳати тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангии ниёгон ва ҷалби ҷавонон ба тамошои ин ганҷинаи илмӣ-фарҳангӣ дар барномаҳои гуногуни радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ беш аз 70 мусоҳиба ва гузоришҳо ба тамошобинону шунавандаҳо пешкаш гардид. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони илмии муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, ҳиндӣ ва урду ба 5110 нафар тамошобин 1032 экскурсияҳои анъанавӣ доир намудаанд. Гузашта аз ин, дар барномаи “Сайри осорхона”-и телевизиони “Сафина” 7 сайри телевизиониро пешниҳоди тамошобинон гардониданд. Дар соли 2020 бо ибтикори роҳбарият ва кормандони илмӣ дар муассиса 9 намоишу чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки гардиши ашёи фондӣ дар ин ҳамоишҳо 4390 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра фонди муассиса бо 844 адад осори таърихию фарҳангии аҳамияти осорхонавидошта мукаммал гардид, ки аз ин миқдор 441 адад харидорӣ, 252 адад тӯҳфа ва 151 адад тавассути экспедитсия ворид шудаанд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони муассисаро фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил медиҳад, ки дар ин самт 2 адад рисолаҳои илмии кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон: Шарифзода А. Қ. ва Нурматзода Ҳ. барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми таърих дар Шӯрои диссертатсионӣ дифоъ гардида, аз ҷониби дигар кормандони илмии муассиса 30 адад мақолаҳои илмӣ нашр гардидааст. Ҳамзамон Ибодуллозода А. И. қайд намуд, ки давоми як сол аз ҷониби кормандони илмии муассиса ба нашр расидани 30 адад мақолаҳои илмӣ нишондоди кам аст. Кормандони шуъбаҳои илмӣ бояд ба навиштани шиносномаи илмии экспонатҳо, монография, дастурамал ва мақолаҳои мухталифи илмӣ ва мавзӯи махсуси кори илмӣ сару кор дошта бошанд. Инчунин директори муассиса зикр намуд, ки дар соли 2021 барои ҳимояи рисолаҳои кормандон мукофоти пулӣ ҷудо карда мешавад. Барои рисолаи номзадӣ 5 000 сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ 10 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус ҷудо мегардад. Соли сипаригардида аз ҷониби кормандони шуъбаи тармим ва консерватсия 42 адад мусаввара тармим, 103 асари санъати тасвирӣ ва 1768 сикка тавассути маҳлули кимиёвӣ тоза ва қисман мустаҳкам гардид. Ҳамзамон 5 адад китоб тармим ва таҳким карда шуданд. Инчунин 26 адад экспонат тармим ва таҳким карда шуда, барои 170 адад хӯса корҳои профилактикӣ доир гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассиса 7 ҷаласаи Шӯрои реставратсионӣ ва 7 ҷаласаи Шӯрои илмӣ доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳои тармиму консерватсияи ашёи осорхонавӣ ва маводи илмии таҳия намудаи кормандони муассиса баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа чанде аз кормандони муассиса, ки дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллӣ саҳми назаррас доштанд, бо Ифтихорномаи МД ОМТ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.