Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди Франс Вессиг аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди Франс Вессиг аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 26 сентябри соли 2019 Директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамкунонӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ Франс Вессиг, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳамроҳии ҳайаташ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Меҳмонро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбањо ва толорњои намоишӣ аз ќабили «Њахоманишињо», «Сосониён», «Панљакенти ќадим», гўшаи «Фарњанги исломї», «Сомониён», «Хушнависӣ», «Сиккаҳо», «Истиқлолият» ва «Туњфањои Президенти Љумњурии Тољикистон» ба анҷом расид.

Ба ин восита меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардида, аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.

Меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, Директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ Франс Вессиг чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

 

 

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.