Осорхонаи миллии Тоҷикистон - «Намоиши байналмилалии аксҳо бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Халқии Хитой»
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

«Намоиши байналмилалии аксҳо бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Халқии Хитой»

24 сентябри соли 2019 дар Оосрхонаи миллии Тоҷикистон “Намоиши байналмилалии аксҳо бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Халқии Хитой” баргузор гардид.

Чихеле ки маълум аст, аввалин бор Мао Сзедун 1 октябри соли 1949 ба минбари баланди майдони Тянанмэн баромада ботантана эълон кард, ки: “Халқи хитой ба по хест”. Ва аз он давра то ин сол 70 сола шуд. Барои ҷашни ин солгарди бузург Пресс-канселярияи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой якҷоя бо Сафорати ҶХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши байналмилалии аксҳоро ташкил намуд.

Дар маросими кушодашавии намоиши аксҳо намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, донишгоҳҳои пойтахт ва дигарон иштирок намуданд.

Таърихи таъсирбахши Хитойи навро ба ёд оварда, мо гуфта метавонем, ки ин 70 соли бартараф намудани мушкилиҳо ва ба ягон чиз нигоҳ накарда 70 соли пешрафт мебошад. Ҳизби коммунистии Хитой халқи хитойро бо ҳам ҷамъ карда, роҳи бузурги азими пуршарафи таърихиро паси сар намуд. Миллати хитой ҷаҳиши бузургро вохурд: ба по хест, зиндагии хубро оғоз намуд ва ба миллати боқуввату бузург табдил ёфта истодааст. Сотсиализм бо хусусияти хитойӣ ҷаҳиши бузургро аз мӯҳтоҷӣ ба дастоварди миёнаи кофӣ оварда расонид. Миллати хитой аз ҳама ҷиҳат дар намуди нав дар шарқи ҷаҳон бархест...

“Экспозитсия 160 аксҳои махсусинтихобшудаи рангорангу зеборо дарбар гирифта, кушиш менамояд ба тамошобинони Тоҷикистон саҳнаи муборизаи умумии халқи хитой дар давоми 70 соли сипаришуда барои сохтани ҳаёти зебо ва дастовардҳои бузург, ҷустуҷӯйи душвор дар сохтори сотсиализм бо хусусиятҳои хитойӣ, таҷрибаи бомуваффақият ва аҳамияти ҷаҳонӣ барои бештар донистани халқиятҳои кишварҳои гуногун дар бораи Хитойи гузашта, ҳозира ва ояндаро нишон диҳад. “Намоиши байналмилалии аксҳо ба муносибати 70-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Халқии Хитой” то санаи 10 октябри соли 2019 идома меёбад..

 

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.