Шуъбаи табиат дар зербинои Осорхона ҷойгир буда, ба тамошобинон оид ба мавқеи географии Тоҷикистон, иқлим, сарватҳои табиӣ ва конҳо, олами ҳайвоноту растаниҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Шуъба аз се толори калон ва ду толори хурд иборат мебошад. Дар шуъбаи табиат толори махсуси геологӣ фаъолият менамояд, ки дар он намунаи маъданҳои конҳои ҳудуди кишвар, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон таввассути диораммаҳои «Помир», «Баландкуҳ», «Чилдухтарон», «Даштиҷум» ва «Бешаи Палангон» шинос шудан мумкин аст.
Шуъба дорои чор воҳиди корӣ буда аз сардори шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис иборат аст. Кормандони шуъбаи табиат бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ озодона сайри осорхонавӣ бурда метавонанд. Вазифаи асосии кормандони илмии шуъба ин навиштани тавсифи илмӣ, мақолаҳои илмӣ оиди шуъба ва бурдани сайри осорхонавӣ мебошад.
Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» |
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд) |
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон. |
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://newnmt.tj иҷозат дода мешавад. |