Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таърихи 25.07.2018, соати 10:00 дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар намоиш офаридаҳои рассомон аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ташабускорони намоиш: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

Шуъбаи таърихи нав ва навтарин

Шуъбаи таърихи нав ва навтарин. Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шуравӣ ( солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҶангиБузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шӯъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва бунёди иншоотҳои замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат