Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна

 

Толори якуми шуъба

Толори якуми шуъба бо харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад, ки тамошобин тавассути ин харита метавонад ба зиёда аз 2000 ёдгориҳо шинос шавад. Инчунин дар ин толор асри санг ба таври муфассал пешниҳод шудааст. Қадимтарин ёдгории асри санги Осиёи Миёна Кулдара мебошад, ки таърихи 1 миллионсола дорад ва дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст. Давоми ин толор бинандаро ба давраи дигари ҳаёти инсоният асри биринҷ шинос мекунад. Бозёфтҳо аз ёдгориҳои аҳди биринҷ Зарчахалифа, Кангурттут, Ғелот, Макони мор, Итифоқ, Дашти қозӣ, Қайроқум ба намоиш гузошта шудаанд.


 

Толори дуюм

Толори дуюми ошёнаи якум ба фарҳанги то исломӣ бахшида шуда, бозёфтҳои таърихӣ аз қабили устоддонҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар толор оиди китоби «Авесто», тақвими зардуштӣ, ҷашнҳои миллии тоҷикон аз қабили Сада, Наврӯз ва Меҳргон маълумот пайдо намудан мумкин аст.

 

Толори сеюм

Толори сеюм ошёнаи якум оид ба давраи нахустин шоҳигарии ҷаҳон, императории Хахоманишиён ҳикоят менамояд. Аҳамияти таърихии ин давра аз он ибрат аст, ки Куруши Кабир нахустин эъломияи ҳуқуқи башарро таҳия намуда, онро дар амал татбиқ сохт. Бузургтарин ёдгориҳои ин давра бозёфтҳои Хазинаи Амударё мебошанд, ки соли 1878 аз ноҳияи Қубодиён бозёфт гардидаанд. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи тиллоии ин ёдгориҳо аз ҷониби осорхонаи Бритониёи Кабир ба Тоҷикистон ҳадя гардид ва онҳо дар ин толор ба маърази намоиш гузошта шудааст. Ҳамзамон дар ин толор экспонатҳо вобаста ба ёдгориҳои Саксанохур, Тахти сангин, давлатдории Юнону Бохтар, империяи Кушониён дида мешаванд.

 

 

Толори чорум

Толори чорум бо нигораҳои арзишманди худ доир ба сулолаҳои Сосониён ва Ҳайтолиён муфассал маълумот медиҳад. Вожаи ҳайтол дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар шакли яфтал ҳанўз хам мавриди истифода қарор дорад. Як давраи муҳими сиёсии давраи Ҳайтолиён ин марҳилаи муборизаи мардуми тоҷик барои истиқлолият мебошад. Муссавараи шоҳи Ҳайтолиён-Хушнавозро дар ин толор дидан мумкмн аст.

 

Толори панҷум

Толори панҷум доир ба шаҳрҳои зебои тоҷикон дар асрҳои V – IХ аз қабили Панҷакенти бостон, Бунҷикат ба тамошобинон маълумот медиҳад Нақшҳои кандакории болои чӯб, нақшҳои деворнигораҳои Панҷакенти бостон, ки онҳо барои шинос шудан ба санъати тасвири ва амалии он давра хеле муҳим мебошанд, дар маърази намоиш қарор доранд.Ба бозёфтҳои кўҳи Муғ низ гўшаи алоҳида ҷудо гардидааст. Ҳамзамон дар ин толор вобаста ба фарҳанги исломӣ китобҳои дастнавис оид ба тафсир, ҳадис, фиқҳи ислом намунаҳои хушнависии «Қуръон» ҷой дода шудаанд.

 

Толори шашум

Толори шашуми шуъба мудаввар шакл буда, ба таври пурра доир ба дайри буддоии Аҷинатеппа маълумоти муфасал медиҳад. Ёдгории «Аҷинатеппа»мансуби асри VII буда, шакли меъмории он қисман ҳифз гардидааст. Яке аз бозёфтҳои муҳимми ин ёдгорӣ муҷассамам Буддо мебошад.

 

 

Толори ҳафтум

Толори ҳафтуми шуъба дар ошёнаи дуюми осорхона ҷойгир буда, ба давраи тиллоии салтанати тоҷикон, яъне сулолаи Сомониён бахшида мешавад. Ёдгории машҳури ин давра шаҳр ва қасри Ҳулбук аст, ки бозёфтҳои аз ин макон пайдошуда аз қабили маснуоти шишагӣ, осори гаҷкорӣ, кулолгарӣ дар намоиш ҷой дода шудаанд. Бузургтарин ёдгории марбути давраи Сомониён , ки дар намоишгоҳ дида мешавад Меҳроби Искодар мебошад, ки аз ҳунари баланди кандакории болочубии ниёгони мо дар асри Х гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин дар қисмате аз ин толор намунаи ашёҳои фулузии мансуби асрҳои Х-ХII ва лавозимоти ҷангӣ дар намоиш аст.

 

Толори ҳаштум

Толори ҳаштум ба ҳунарҳои хатнигорӣ, хушнависӣ ва ёдгориҳои эпиграфӣ бахшида шудааст. Намунаи хатти хушнависи машҳури қарни ХIХ- ХХ -и тоҷик Ҳоҷи Ҳусайни Хатлонӣ дар ин толор пешниҳоди тамошобинон мегардад. Ҳамзамон дар ин толор табақҳои мармарӣ бо намунаи хушнависӣ, инчунин ашёҳои фулузӣ мансуби асри ХIХ ва ХХ ба марази тамошо гузошта шудаанд.

 

Толори нӯҳум

Толори нуҳум толори охирини шуъба ба санъати сиккасозӣ бахшида шуда, тамошобинон имкон доранд бо намунаҳои сиккаҳои аҳди юнону бохтарӣ (асрҳои II-III то м.), кушонӣ (асрҳои II то м.-IVмилодӣ), сосонӣ (асрҳои III-VII), бухорхудотӣ (асрҳои VII-VIII ), сомонӣ (асрҳои IХ-Х), қарахонӣ (асри ХI), чағатоӣ (асрҳои ХII-ХIII ), темурӣ (асрҳои ХIV-ХV), манғитӣ (асри ХIХ),намунаи пулҳои коғазии охири асри ХIХ аввали асри ХХ, сиккаҳои ҷашнии замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.

 

Ёдгориҳои арзишманди давраҳои гуногуни таърихӣ

Ёдгориҳои арзишманди давраҳои гуногуни таърихӣ, ки дар толорҳои намоишии шуъба ба намоиш гузошта шудаанд:

1. Коса аз санги мармар. Саразм. Ҳазораи IV-III то милод

2. Зарфҳо аз санги мармар. Саразм. Ҳазораи IV-III то милод

3. Табари биринҷӣ. Саразм. Ҳазораи III-II то милод

4. Сарнайзаҳои биринҷӣ. Саразм. Ҳазораи III-II то милод

5. Маҷмуъи ороишот аз қабри маликаи Саразм. Ҳазораи IV-III то милод

6. Зарфи биринҷӣ. Деҳаи Фатмеев. Ҳазораи IV-III

7. Сарсўзанҳои биринҷӣ бо тасвири ҳайвонот. Ҳазораи II

8. Табақи сафолӣ. Ғелот. Восеъ. Охири ҳазораи II

9. Зарфи сафолии Тандурюл. Ҳазораи II

10. Мевагираки сафолӣ. Макони мор. Охири ҳазораи II

11. Оинаҳои биринҷӣ. Тулхор. Охири ҳазораи II

12. Мўҳраҳо. Тулхор. Охири ҳазораи II

13. Донаҳои ҷаву гандум. Қайроққум. Охири ҳазораи II

14. Табарҳои биринҷӣ. Охири ҳазораи II

15. Устухондон.Истаравшан. Асри VI-VII

16. Устухондон. Фархор. Асри I

17. Зарф барои гирифтани об. Исфара. Асри VI то милод

18. Сари гўсфанд. Биринҷӣ. Исфарасой. Асрҳои V-VI

19. Ҷоми сафолӣ. Қалъаи Мир. Асрҳои V-IV

20. Муҷассамаи зан. Гил. Тахти сангин. Асрҳои III-II

21. Маҷмуъаи зарфҳои сафолии маросимӣ. Қубодиён. Асрҳои III-II

22. Ҳайкалчаи Селен. Тахти сангин. Асрҳои III-II

23. Най. Оҷ. Тахти сангин. Асрҳои III-II

24. Сари дев. Гил. Тахти сангин. Асрҳои III-II

25. Дастаҳои корд аз устухон. Тахти сангин. Асрҳои III-II

26. Зерсутун. Тахти сангин. Асрҳои III-II

27. Хуми нақшин. Тупхона. Асрҳои II то милод.

28. Дастаи зарф дар шакли сари асп. Қубодиён. Асрҳои III-II

29. Даспонаҳои биринҷӣ. Тахти сангин. Асрҳои III-II

30. Ороишотҳо барои либос. Душанбе. Асрҳои III-II

31. Мўҳри сафолӣ. Душанбе. Асрҳои III-II

32. Пораҳои тасвирдори устухон. Асрҳои III-II

33. Сарсутун бо тасвири шери болдор. Шаҳринав. Асри I мелодӣ.

34. Зерсутунҳо. Шаҳринав. Асрҳои I-II

35. Шамшери фулузӣ. Бешкент. Асрҳои I-II

36. Кордҳои фулузӣ. Куркат ва Регар. Асрҳои IV ва I-IV мелодӣ.

37. Пайконҳои фулузӣ. Асрҳои II то милод ва IV милодӣ

38. Шаддаҳо. Даҳана. Асрҳои II-III

39. Ангуштаринҳо. Ҳалқаҷар. Асрҳои III ва IV

40. Сурмадони сангӣ дар шакли паранда. Асрҳои II-III

41. Бутакҳои сафолӣ. Асрҳои II то милод ва IV милодӣ

42. Ҷоми сафолӣ. Панҷакент. Асрҳои III ва IV

43. Хишт бо тасвири манзараи шикор. Кофирқалъа. Асрҳои VII

44. Хишт бо тасвири инсон. Кофирқалъа. Асрҳои VII

45. Табақи сафолӣ. Оқтеппа. Асри V милодӣ.

46. Заҳрдонҳо. Биринҷӣ. Оқтеппа. Асрҳои IV-V

47. Зарфи сафолии зооморфӣ. Исфара. Асрҳои V-VI

48. Тасвири офтоб ва моҳтоб. Кофирқалъа. АсриV

49. ЧароҒи сафолӣ. Панҷакент. Асри V.

50. Пораҳои зарфи биринҷии тасвирдор. Дафинаи Шол. Асри VII 

51. Муҷассамаи раққоса. Чўб. Панҷакент. Асрҳои VII-VIII 

54. Қубури сафолӣ. Панҷакент. Асри VIII

55. Кузаи сафоли дар шакли мурҒобӣ. Панҷакент. Асрҳои VII-VIII 

56. Деворнигора. Ҷашни Наврўз. Панҷакент. Асрҳои V-VIII

57. Деворнигора.Саҳнаи шикори савора бо саг. Панҷакент. Асрҳои V-VIII 

58. Деворнигора.Одами ба зону нишаста. Панҷакент. Асрҳои V-VIII 

59. Деворнигора.Деви сесара. Панҷакент. Асрҳои V-VIII 

60. Зарфҳои шишагӣ. Панҷакент. Асрҳои VII-VIII

61. Қошуқи нуқрагӣ. Панҷакент. Асри VIII 

62. Косаи сафолӣ бо тасвири сари одам. Панҷакент. Асри VII

63. Чубпораи сухта бо тасвири мард. Шаҳристон. Асрҳои VII-VIII

64. Ступаи буддоӣ. Ховалинг. Асрҳои VII-VIII

65. Қуръони карим. Дастнавис. Асри ХV

66. Маъориҷу-н- нубувват ва мадориҷу - л – футувват. Дастнавис. Асри ХIХ

67. Санг бо катибаи суғдӣ. Асрҳоии VI-VII

68. Намунаи гаҷкорӣ. Ҳулбук. Асрҳои IХ-Х

69. Лаълии сирдори сафолӣ. Ҳулбук. Асрҳои IХ-Х

70. Косаи катибадор. Ҳулбук. Асрҳои IХ-Х

71. Зарфҳои шишагӣ. Ҳулбук. Асрҳои IХ-ХI

72. Ҷомҳои сафолӣ. Ҳулбук. Асрҳои IХ-Х

73. Деворпораҳои гаҷӣ. Сайёд. Асрҳои Х-ХI

74. Зарф дар шакли парранда. Бунҷикат. Асрҳои IХ-Х

75. Меҳроб.Чўб. дехаи Искодар. н .Айнӣ. Асрҳои Х-ХI

76. Кўзаи катибадор.Биринҷӣ Истаравшан. Асрҳои Х-ХI

77. ЧароҒҳои биринҷӣ.Ҷалолиддини Румӣ. Асрҳои IХ-Х

78. Фирдавсӣ. Шоҳнома. Чопи сангӣ. Асри ХIХ

79. Ҷомӣ. Шавоҳиду-н-нубувват. Давтнавис. Асри ХV

80. Лавозимоти ҳарбӣ.Панҷакент. Асрҳои ХI-ХII

81. Кулоҳхуд бо тасвири фариштаҳо. Асри ХVI

82. ЧароҒҳои сафолии сирдор. Асрҳои ХVI – ХVIII

83. Табақи мармарии катибадор. Асри ХIХ

84. Чойҷуши мисӣ. Асрҳои ХIХ - ХХ

85. Шамъдони мисӣ. Асри ХIХ

86. Чилимҳо. Охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ

87. Чубпораи сўхта бо тасвири шер ва одам.Шаҳристон. Асри VII-VIII

88. Як қисми оташдон.Бунҷикат. Асри VII

89. Қуръони карим.Дастнавис. Асри ХIХ

90. Тафсири Қуръони карим. Асри ХIХ

91. Драхма ва оболҳои Эвкратид. Солҳои 171-155

92. Оболҳои Герай.Солҳои 1-30

93. Сиккаҳои Сосонӣ.Яздигурди I ваII. Душанбе. Асри V

94. Сиккаи Уммавӣ бо тасвири шоҳи сосонӣ. VIII

95. Сиккаҳои мисии И.Сомонӣ. Уструшана. Асри Х

96. Сиккаҳои Сомонӣ. Нуқра Асрҳои IХ-Х

97. Динори Мансур ибни Нуҳ. Зарби Рашт. Солҳои 961 – 976

98. Сиккаи тиллоии Муҳаммад Теккеш Асри ХIII

99. Дафинаи динорҳои Хоразмшоҳиён. Асри ХIII

100. Дафинаи сиккаҳои миссии Ноҷӣ. Асри ХV

 

Меҳроби Искодар

Меҳроби Искодар бузургтарин меҳроби чӯбини олам буда мансуби асрҳои IХ-Х мебошад. Сабаби меҳроби Искодар номидани ёдгории мазкур дар он аст, ки он соли 1925 аз деҳаи Искодар тавассути мардумшинос М.С. Андреев бозёфт шудааст. Олимони шинохта В. Чейлитко, Ю. Ёқубов, В.Л. Воронина О.И. Смирнова ва С. Хмелнитский меҳробро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Катибаи куфии онро соли 2000 бори аввал корманди Осорхонаи милли А. Шарипов хонда тарҷума намудааст. Мехроби Искодар аз чўби Тўс бе истифода аз меху ширеш сохта шудааст. Ҳаҷми он 327 х 180 см буда аз се қисми асосӣ пештоқ, лавҳаи муррабаъ, ва ҳошияи мунаққаши тасвири моҳидор мавҷуд аст. Тамоми пештоқ бо нақши ҷолиби исломию ҳандасӣ оро дода шудааст. Дар лавҳаи чоркунҷашакли дарозрўяи дохили пештоқ дар баробари нақшҳои наботӣ нақши ҳандасии монанд ба чилипо (свастика) баръало намоён аст. Сарсутунҳои дохилии пештоқ бо усули тоисломӣ сохта шудаанд ва дар қисми берунии онҳо низ свастика намоёнтар ба назар мерасад. Свастика рамзи мардуми қадимаи ориёитабор ба шумор меравад.

 

Қуръони Карим

Китоби муқаддаси пайравони дини ислом Қуръон мебошад, ки аз 30 пора, 114 сура ва 6666 оят иборат аст. Қадимтарин китоби Қуръони дастнавис дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мансуби асри ХV мебошад.

 

 

Хумдони сафолпазии асрҳои VII-VI то милод

Хумдони сафолпазии Кўлоб соли 1993 аз ҷониби П. Самойлик ва М. Азизов дар ҳудуди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кашф шуд. Оташдон ва як қисми кураи сафолпазӣ то имрўз маҳфуз мондааст. Оташдон 2х2, 2 метр қутр ва 2,3 метр баландӣ дорад. Дар девори миёни оташдон ва қисми сафолпазӣ 9 сўрохи бодкаши 20-28 сантиметра ва дар маркази хумдон ба шакли доиравӣ боз 9 сўрохӣ дигари 9-10 сантиметра мавҷуданд. Сўрохиҳо барои интиқоли гармӣ ба қисми сафолпазӣ пешбинӣ шудаанд. Дар хумдон дар як вақт то 100 адад зарфи сафолиро пухтан имконпазир буд.

 

 

Тахти Сангин

Шаҳраки Тахти Сангин дар соҳили рости Амударё дар резишгоҳи дарёҳои Панҷ ва Вахш воқеъ гардида, ба асрҳои IV қабл аз милод –III милодӣ мансуб аст.

 

Аспи хатлонӣ

Асппарварӣ дар Хатлон аз замони бостонӣ маъмул буда, дар ин бобат ишораҳои сайёҳон, таърихнависон ва шоиру нависандагон шаҳодат медиҳад. Адиб ва сайёҳи эронинажоди араб ибни Хурдодбеҳ (820-912/13) дар асараш «китоб-ул-масолик ва-л-мамолик» қиссаву ривоятҳои шунида ва хондаашро нигоштааст. Оид ба аспҳои хатлӣ муаррихи Юнони қадим Страбон (64/63 то м-23/24 п.а.м.) овардааст, ки дар Бохтар ноҳияе буд бо номи Аспиён ва марказаш Девонасп ном дошт. Искандари Мақдунӣ барои худ аз он ҷо аспе интихоб мекунад. Гулшанӣ (1861-1910) - шоир муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик дар асараш «Таърихи Ҳумоюн» дар бораи аспҳои хатлӣ сухан гуфтааст Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ (а. ХII) низ дучор меоем:

Сикандар бар он хинги хатлӣ нишаст,
Ки чун бод бархост, чун барқ ҷаст.

Аз асарҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки тоҷирон аспҳои хатлиро барои фурўш ба кишварҳои дигар мебурдаанд ва онҳо дар бозори ҷаҳонӣ нархи гарон доштаанд. Аспҳои хатлонӣ зимистон дар ноҳияҳои ДанҒара ва тобистон дар Терай ва Ховалинг парвариш меёфтанд. Топонимика (номи маҳалҳо)-и минтақаи Кўлоб - Ховалингу Балҷувон номҳои марбут ба асп, аз қабили Адири аспон, Аспиёни миёна, Аспиёни поён ва Ғайра дорад, ки далели дар гузашта ривоҷ доштани асппарварӣ дар ин мавзеъ мебошад.

 

Деворнигораҳои Панҷакенти қадим.

Панҷакенти қадим яке шаҳрҳои тарақикардаи ниёгони мо мебошад, ки асрҳои V-VIII давраи гулгулшукуфоии он ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр дар натиҷаи тохтутозҳои аҷнабиён вайрон карда мешавад. Ковишҳои бостоншиносӣ аз солҳои 1946 о-ғоз гардида то ин ҷониб дар Панҷакент идома дорад. Имрўз Панҷакенти қадим дар ҷаҳон бо деворнигораҳои худ зиёдтар машҳур гаштааст. Бостоншиносон зиёда аз 60 хонаро кушодаанд, ки тариқи деворнигораҳо оро дода шудаанд. Деворнигораҳо бештар дар ороиши қасру хонаҳои ашрофон, маъбадҳо истифода шудаанд ва дар онҳо достону ривоятҳои мардумӣ тасвир шудаанд.Саҳнаҳои дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим тасвирёфта бо нигоришҳои достонҳои «Рустамнома», «Ҳафт хони Рустам» дигар ривоятҳои халқӣ мувофиқат менамоянд.

 

 

Ҷомҳо

Ҷомҳое, ки дар замони Кушониён асрҳои II – то милод ва IV- милодӣ аз ҷониби аҷдодони мо сохта шуданд, ниҳоят нозуку нафис ва бо дараҷаи олӣ сайқал дода шудаанд. Ин ҷомҳо дар худ зиёд нақшу нигор гирифта бо рангҳои сурхи тарҳаш сиёҳ ороиш ёфтаанд. Бо гузашти зиёда аз 2000 сол ҷомҳо нафосати худро гум накардаанд, ки он бозгуи ҳунари волои ниёгони тоҷикон мебошад.

 

Табақи биринҷӣ

Табақи биринҷӣ асри ХII. Қутр: 50,5; баландӣ: 4см. Табақ бо нақшҳои схематикӣ оро дода шудаанд. Дар маркази қисми жарфии зарф рустаниҳо ва хатҳои боҳампечида ҳаккокӣ шудаанд. Бораҳои зарфро чор доираи нақшин ҷудо кардаанд. Дар фосилаҳои байни доирачаҳо катибаҳо ва паррандаҳо тасвир шудаанд. Экспонати мазкур мансуби асри ХII буда аз Истаравшан бозёфт шудааст.

 

Бухурдон дар шакли шер

Бухурдон аз ҷинси биринҷӣ бо нақшҳои гуногун аз қабили хатҳо, рустаниҳо, ду ситора ва катибаҳо зеб дода шудааст. Адади катибаҳо дуто буда тарҷумаи онҳо чунинанд: «(бухурдони мазкурро усто) Али ибн Абу Наср сохт» ва «ҳар кор иҷрокунандаи худро (дорад)». Экспонат бозёфт аз ёдгории Ҳулбук буда, мансуби асри ХI мебошад… 

 

Амсилаи мақбараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ

Дар бораи дараҷаи баланди санъати бинокории замони сомониён, пеш аз ҳама, чунин иншооти классикии монументалӣ, ба монанди мақбараи шоҳи бузург ва доҳии тоҷикон Исмоил бинни Аҳмади Сомонӣ, ки дар ибтидои асри X бино ёфтааст, шаҳодат медиҳад. Мақбараи шоҳ дар шаҳри Бухоро эъмор шудааст, ки вай аз хишти пухта(вусъати таҳкурсии мақбара 10,67х10,83м, баландии девораш 10м, ғафсии девор 1,8м.) бино ёфта, умуман шаклаш чор гунбазча, аз чор самт дорои чор даромад ва дар даромад тоқе дорад, ки пояҳои он ба сутунҳои сечаҳоряки устувор аст ва дарунтар аз тоқи берун боз як тоқе ҳаст, ки бо тоқи берунӣ пайваст мебошад. Дар чор гўшаи бино чор сутуни маноршакле ҳаст, ки айвончаи ороишии гирдогирди бомро гўё бардошта меистад. Деаорҳои бино аз дохил бо гунбаз ба чор шарафае пайваст мебошанд, ки ниҳоят зебо кандакорӣ шудаанд ва ду тарафи ҳар як шарафа ба сақф часпида девораҳои дохилии он айвончаи ороишии гирдогирди бомро медиҳад, ки аз берун менамояд. Мақбараи намуди муттамарказӣ дошта, композитсияи он одатан аз ҳама тараф якхела аст.

 

end

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШГОҲ       МЕДИА       ТАМОС БО МО