Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

   Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ

Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ - ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 -и асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.

Дар толори дуюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаҳои ҳунари кандакории болои чӯб ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Тамошобин дар ин ҷо метавонанд бо офридаҳои кандакори машҳури тоҷик Сироҷиддин Нуриддинов шинос гарданд. Симои Абдураҳмони Ҷомӣ, Абуалӣ Ибни Сино аз беҳтарин шоҳкориҳои муаллифанд. Дар толори сеюми шуъба асарҳои муаллифоне ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки эшон дар ташаккули мактаби рассомии миллии солҳои 70 - уми асри ХХ-и Ҷумҳурии Тоҷикитсон саҳмгузорӣ намудаанд. Вобаста ба ин мавзуъ асарҳои З. Н. Ҳабибуллоев, Р. Абдурашидов, Х. Хушвахтов, В. Назаров С. Шарипов, Б. Наимов, З. Довутов дар намоиш гузошта шудаанд.

Толори чоруми шуъба санъати тасвирӣ ва амалӣ ба ҳунари кундалкорӣ бахшида шудааст. Намунаи чунин ҳунари мардумӣ танҳо дар Тоҷикистон ривоҷ ёфта, поягузорони ин соҳа Мирзораҳмат Олимов ва Кароматулло Ғаюров ба ҳисоб мераванд. Дар шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври махсус толор барои ташкил намудани намоишҳои муваққатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он намоишҳои гунонуни ватанӣ ва бурунмарзӣ баргузор мегардад.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат