Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин. Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шӯравӣ ( солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шуъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншоотҳои замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд.