Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона

1. Ворид шудани тамошобинон ба толорҳои намоишии осорхона ҳангоми ба нуқтаи назоратӣ пешниҳод намудани чиптаи осорхона сурат мегирад;
2. Барои харидории чиптаи имтиёзнок аз ҷониби тамошобин ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод карда мешавад;
3. Чиптаро тамошобин бояд то аз дохили осорхона берун омадан ҳифз намояд;
4. Фаъолияти экскурсионӣ дар толорҳои намоишӣ тавассути роҳбаладони осорхона сурат амалӣ мешавад;
5. Аксбардорӣ ва сабти наворҳо дар толорҳои намоишӣ ба тамошобинон ҳангоме иҷозат дода мешавад, ки агар онҳо чиптаи махсус дошта бошанд.

2. БА ТАМОШОБИНОН ИҶОЗАТ ДОДА НАМЕШАВАД:
Ба толорҳо овардани:
а) силоҳҳои оташфишон ва сард;
б) сумкаҳо калон, пакет ва дигар бағоҷи дастии андозаашон аз 20х30 см бузург, сумкаҳои варзишӣ, хоҷагидорӣ, портфель, ҷомадон,сумка-рюкзак, ашёҳои калонҳаҷм, чатр, пакетҳои нимэтилении ношафоф, либоси болоӣ (куртка, нимпалто, боронӣ, каллапушҳо);
в) маҳсулоти хурока;
г) маводи зуддаргиранда ва тарканда.
2. Ба осорхона бо ҳайвонот омадан;
2. Истифодаи маҳсулоти тамоку дар бинои Осорхона;

2.4. ВОРИД ШУДАН БА ОСОРХОНА ДАР ҲОЛАТҲОИ ЗЕРИН МАНЪ МЕБОШАД:
а) Сархушӣ аз шароб ва дигар маводи мадҳушкунанда;
б) Бо либоси болоӣ.
2. Дар ҳудуди осорхона ворид шудан ба минтақаҳои барои тамошобинон мамнуъ, гузаштан аз занҷирҳои муҳофизатӣ, дохил шудан ба ҳуҷраҳои хизматӣ;
2. Даст расонидан ба экспонатҳо ва витринаҳое ки дохили онҳо ёдгориҳои таърихӣ гузошта шудаанд;
2. Машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ;
2. Бе зарурат бо овози баланд гап задан ва давидан дар толорҳои намоишии Осорхона;
3. Гузаронидани экскурсияҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, чипта тақсим намудан, фуруши маҳсулот ва амалӣ намудани дигар намуди фаъолияти тиҷоратӣ бе иҷозати хаттии роҳбарияти Осорхона;
4. Истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дохили толорҳои намоишӣ;
5. Ҳангоми дар бинои осорхона мушоҳида намудани ашёи шубҳанок аз қабили сумка, буғча ва ғ. Тамошобинон бояд фавран ба нигоҳбонҳо, намояндагони Хадамоти амниятӣ, навбатдор ё дигар кормандони осорхона хабар диҳанд;
6. Тамошобинон ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои мазкурро риоя намуда, дархостҳои кормандони осорхонаро оиди иҷрои тартиботи мавҷуда иҷро намоянд;
7. Дар ҷойҳои ҷамъшавии шумораи зиёди одамон, тамошобинон бояд қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоя намуда, бо ҳамдигар хушмуомила бошанд ва нисбати занҳои ҳомиладор, модару кудак, куҳансолон ва маъюбон эҳтиром зоҳир намоянд;
8. Бе иҷозати хатии роҳбарияти Осорхона тамошобинон ҳуқуқ надоранд, ки ба фонд ва озмоишгоҳҳои осорхона ворид шаванд;
9. Шахсоне ки Қоидаҳои муайяншударо дар дохили толорҳои намоишӣ риоя наменамоянд, аз ҷониби намояндагони Хадамотҳои амниятӣ аз бинои Осорхона берун карда мешаванд. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои қатъӣ, қоидавайронкунадагон ба шуъбаҳои марбутаи Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешаванд;

Дар ҳолати аз ҷониби тамошобинон риоя нагаштани Қоидаҳои мазкур ва расонидани ҳамагуна зарари молӣ ба Осорхона, боиси он мегардад, ки афроди зараррасонида тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии молиявӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шаванд.

Эзоҳ: Ҳангоми таҳияи Низомномаи мазкур аз дастурҳо оид ба қабули тамошобинони дигар осорхонаҳои ҷаҳонӣ истифода шудааст.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО