Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Вазирони адлияи давлатҳо-аъзои Созмони хамкорихои Шанхай дар Душанбе
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Вазирони адлияи давлатҳо-аъзои Созмони хамкорихои Шанхай дар Душанбе

Таассуроти тамошобин: Изҳори қаноатмандӣ аз мутахассисони забондон ва боварӣ аз ояндаи дурахшони кишвари Тоҷикистон. Таърихи 18-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Машварати сеюми Вазирони адлияи давлатҳо-аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмии меҳмонони ин ҳамоиши муҳими сиёсиву фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон назардошт гардида буд. Соати 16:30 дақиқаи рӯзи 18-уми август роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро дар сатҳи баланди фарҳангӣ пазироӣ намуданд. Меҳмонон тавассути экспозитсияи толорҳои намоишии шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои давраҳои мухталифи таърихӣ, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ дар шакли дизайни замонавӣ ба маъраз гузошта шудаанд, ошноӣ пайдо намуданд. Меҳмонон ҳар як экспонатро бо майлу рағбат ва мароқи беандоза тамошо намуданд. Ба меҳмонон аз ҳама беш ёдгории таърихии «Меҳроби Искодар», амсилаи «Маликаи Саразм», гӯшаҳои «Либосҳои миллӣ», «Ваҳдати миллӣ», толорҳои намоишии «Сиккаҳо», «Созҳои миллӣ», инчунин «Тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» писанд афтод. Қобили зикр аст, ки меҳмонон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва барои онҳо аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ду забони хориҷӣ сайри илмӣ доир гардид. Сайрҳои илмии гурӯҳи аввалро муовини мудири шуъбаи экскурсионӣ ва оммавӣ Комрон Сафолов бо забони русӣ ва гурӯҳи дуюмро мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур Шаҳноза Насимова бо забони англисӣ ба роҳ монданд. Меҳмонони давлатҳои хориҷи кишвар аз қабули роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ ва намояндагони 6 мамлакати ҷаҳон дар китоби қайди “Меҳмонони фахрӣ”-и муассиса таассурот ва андешаҳояшонро қайд намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки намояндаи давлати Покистон баробари қайди хотироти хеш дар китоб, ҳамзамон дар алоҳидагӣ ба муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода аз баргузории сайри илмии мутахассиси ҷавону умедбахши Осорхонаи миллӣ Шаҳноза Насимова изҳори қаноатмандӣ намуда, ояндаи дурахшони кишвари Тоҷикистон ва идороту ҷавононашро бо боварӣ баён дошт.

Шаҳло Абдуллоева сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва котиботи Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО