Артиши миллӣ - зодаи Истиқлолияти давлатӣ
Таърихи 23.02. 2016, соати 10-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Артиши миллӣ-зодаи истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид. Ҳангоми ифтитоҳ директори осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода А. Қ., раиси собиқадорони шаҳри Душанбе Р. Қудратов, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуданд.