Осорхонаи миллии Тоҷикистон - АСОСӢ
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таърихи 25.07.2018, соати 10:00 дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар намоиш офаридаҳои рассомон аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ташабускорони намоиш: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

Намоиши "Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем"

Sample ImageБо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 4 майи соли 2017, соати 11:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар фашизм намоиши «Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ин намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат аз Тоҷикистон, сафирҳои Федератсияи Россия, ШМА, Олмон, Қазоқистон, Қирғисистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, донишҷуёну устодон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Меҳмонон дар Осорхона миллӣ

Sample ImageТаърихи 14.04.2017 иштирокчиёни Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Ба меҳмонон экспонатҳои шуъбаи табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, санъати тасвирӣ писанд омаданд. Аз ҷониби кормандони ОМТ барои меҳмонон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ экскурсия гузаронида шуд.

Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз - 2017”

Sample ImageБахшида ба Наврӯзи бузург ҳар сол дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз-2017” баргузор мегардад. Рӯзи 18.03.2017, соати 10-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ ёфт. Дар намоиши мазкур ёдгориҳо ва асарҳои дар давоми як сол ба фонди Осорхона воридшуда ба намоиш гузошта шуданд.

Намоиш ба ифтихори "Рӯзи модар"

Sample ImageБахшида ба таҷлили Рӯзи модар, таърихи 03.03.2017 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳо таҳти унвони Симои зан-модар дар офаридаҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар намоиш 32 адад асарҳои рассомони Тоҷикистон аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳоди тамошобинон гаштанд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат