Осорхонаи миллии Тоҷикистон - АСОСӢ
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Марвориди Шарқ

Sample ImageРӯзи 19.11.2016, соати 14-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом Наргис Ҳамидова таҳти унвони «Марвориди Шарқ» ифтитоҳ мегардад, ки дар он зиёда аз 50 адад мусаввараҳои офаридаи мусаввир ба намоиш гузошта шудааст. Намоиш ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...

Намоиши "Рӯзи сафед"

Sample ImageБахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии эҷодиёти Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, рӯзи 03.09.2016, соати 12-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Рӯзи сафед ифтитоҳ гардид. Дар намоиш зиёда аз 20 асари калонҳаҷми рассом Сабзалӣ Муродзодаи Шариф гузошта шудаанд.

Намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ»

Sample Image5-августи соли 2016, соати 11-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ» (Аксҳои факсимиле аз маҷмуаи Осорхонаи мардумшиносии Россия) ифтитоҳ мегардад. Намоиш дар доираи Шартномаи ҳамкориҳои миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи мардумшиносии Россия (ш. Санкт-Петербург), ки соли 2015 ба имзо расидааст, ташкил карда шуда, зиёда аз 80 аксҳо, видеофилм дар асоси аксҳои суратгирони замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамзамон филм оид ба экспозитсияи Осорхонаи мардумшиносии Россия пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Намоиши Ашур Хайдаров

Sample ImageБахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14.07.2016, соати 10 - 00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров (1916-1998) ифтитоҳ мегардад. Намоиш ба ифтихори 100 - солагии рассом аз ҳисоби мусаввараҳои дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузбуда ташкил карда шуд.

Таҷлили Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар Осорхона миллии Тоҷикистон

Sample Image01.06.2016 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, чорабиниҳои идона баргузор гаштанд. Барои тамошобинони хурдсол дар шуъбаи табиат экскурсияҳои мавзӯӣ ва бозиҳои гуногун ташкил карда шуданд.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО