Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон»
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

   Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон»

16.08.2017 дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» намоиш таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба миқдори 30 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хушвахтов Х., Ҳабибулоев Ю., Боборикин В., Довудов З., Волинский И., Раҳимов Б., Сангов Ю., Ҳайдаров А., Талдигин Ю., Богдасаров Р., Мамадкулов Я., Одинаев Б. ба намоиш гузошта шудаанд.


Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби муссафо муаррифӣ менамоянд. Ҳамзамон дар намоиш филми «Тоҷикистон - кишвари обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон гардид.

Боиси ёддошт мебошад, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.

Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» то 16.09.2017 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат