Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши «Ахтари тобони ҳунар»
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Намоиши «Ахтари тобони ҳунар»

Бо ташаббуси Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 2 августи соли 2017, соати 10.00 дар толори экспозитсионии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши муваққатӣ бахшида ба 110 - солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов баргузор гардид.


Дар намоиш зиёда аз 60 адад мавод марбут ба Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла 30 акс аз лаҳзаҳои ҳунарнамоӣ дар филмҳо дар нақшҳои офаридааш ба монанди нақши Холназар аз «Дил-дили Зайнаб», Ҳошим Лаббай аз «Туй», Султонбек аз «Аршин Мололон», Азимшоҳ аз «Дохунда». Дар синамо: Чойхоначӣ Ниёз аз филми «Ман бо духтаре вохӯрдам», Юсуф аз филми Амалиёти «Кобра», Заҳҳоки Морон аз филми «Коваи оҳангар» ва ғайра.

Абдулхайр Қосимов дар филмҳои дигар ҷумҳуриҳо низ нақш офаридааст: Аҳмадбой аз филми «Роҳҳои пуроташ»-и Ӯзбекфилм, Бобо Ҳасан аз филми «Тарзи зиндагӣ» -Мосфилм ва ғайра. Абдулхайр Қосимов дар 55 филми ҳунарӣ, 100 спектакли театрҳои касбии ҷумҳурӣ нақш офаридааст.

Дар намоиш 25 адад ҳуҷҷатҳои шахсии Абдулхайр Қосимов аз қабили Ифтихорнома, шаҳодатнома, табрикнома, даъватнома ва барқияҳо (телеграммаҳо) пешниҳоди тамошобинон гардид.

Инчунин дар намоиш акси Абдулхайр Қосимов дар қолинча, портрет, чойник ва пиёлае, ки Абдулхайр Қосимов дар филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши чойхоначӣ Ниёзро иҷро кардааст ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Иҷрои: Ҳисайнов Р. Д.
Тел: 900-01-96-49

 

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.