Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши "Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем"
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Намоиши "Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем"

ImageБо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 майи соли 2017, соати 11:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида Рӯзи Ғалаба бар фашизм намоиши «Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ин намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат аз Тоҷикистон, сафирҳои Федератсияи Россия, ШМА, Олмон, Қазоқистон, Қирғисистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, донишҷуёну устодон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

    Дар ташкили ин намоиш Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ва Осорхонаи Марказии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Москва низ саҳм гузоштанд.Дар намоиш 54 экспонат аз қабили ҳуҷҷатҳо, мусаввараҳо, плакатҳо, нимпайкараҳо, пӯшокҳо ва лавозимотҳои низомии иштирокчиёни ҶБВ аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 26 лавҳаҳо бо аксҳо оид ба корнамоиҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ: Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Украина, Молдова, Белорусия, Ҷумҳуриҳои назди Балтика (Латвия, Литва, Эстония) манзури тамошобинон гардонида шуданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин мубориза ва корнамоиҳои ҳама миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар муқобили фашизм буд. Ба набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 000 нафар фарзандони Тоҷикистон сафарбар шуда, зиёда аз 90 000 онҳо дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Фиристодагони Тоҷикистон шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 54 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд. 19 нафар намояндагони Тоҷикистон ба 3 дараҷаи Ордени Шараф сарфароз гардида, зиёда аз 58 ҳазор нафарашон сазовори ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гардидаанд. Аз ҷониби меҳнаткашони Тоҷикистон барои ҷанговарони Шуравӣ 151 вагон хӯрокаву пӯшока фиристонида шудааст. Дар намоиш филми омода намудаи «Тоҷикфилм» бо номи «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» намоиш дода мешавад.

    Намоиши «Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем» то рӯзи 10.05.2017 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШГОҲ       МЕДИА       ТАМОС БО МО