Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз - 2017”
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз - 2017”

ImageБахшида ба Наврӯзи бузург ҳар сол дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз-2017” баргузор мегардад. Рӯзи 18.03.2017, соати 10-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз ” ифтитоҳ ёфт. Дар намоиши мазкур ёдгориҳо ва асарҳои дар давоми як сол ба фонди Осорхона воридшуда ба намоиш гузошта шуданд.

    Аз Наврӯзи соли 2016 то Наврӯзи соли 2017 ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1864 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ворид гардид, ки аз ин миқдор 1329 адади онҳо тавассути комиссияи алоҳида харидорӣ шуда, 375-тои онро ба осорхона ҳадя намудаанд. 160 осори таърихӣ дар рафти ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз ҷониби мутахассисони ОМТ кашф гаштаанд.

    Дар давоми як соли сипаришуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фонди Осорхона 8 сози миллии мусиқӣ, як гулдӯзии калон, як зарфи минокоришуда ва мусаввараи “Дар соҳили баҳр”-ро эҳдо намуданд.

    Ҳамзамон, дар соли сипаришуда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхона 14 адад варақи чармии матни куфидор, 1 адад сиккаи тиллоии Россия (барориши соли 1899), сигормони заррини солҳои 1916-1917, 2 офтобаи мисии аввали асри ХХ, 2 адад зеби гардани занона, 2 адад ҷомаҳои адраси асримиёнагӣ, 1 адад фаранҷӣ ва дар асоси Амри Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати молияи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 12 адад сиккаи кушонӣ (яктоаш тиллоӣ) ворид гардиданд.

    Тавассути фаъолияти кормандон худи Осорхонаи миллии Тоҷикистон бошад дар давоми як соли сипаришуда як дафинаи бузурги сиккаҳои нуқрагии асрҳои IX-X, сиккаҳои тиллоии асрҳои XV- XVI, китоби дастнависи “Қуръон”, “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ, китоби “Юсуф ва Зулайхо”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, китоби дастнависи “ Маъориҷу-н-мубавват фи мадоризи-л-футувват”, китоби “Ақоиди насафӣ”, мусаввараҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф - “Бо иқдоми хуршед”, “Сукути лолазорҳо”, “Паррончакҳои Симурғ”, “Гунаҳкори бегуноҳ” (аз силсилаи қаҳрамонҳои “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ), асари сегонаи Карим Наҷмиддинов “Эҳё” ва дигар осорро ҷамъоварӣ намуданд.

 

    Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз-2017 ”то таърихи 10.04.2017 амал менамояд.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО