Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиш ба ифтихори "Рӯзи модар"
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Намоиш ба ифтихори "Рӯзи модар"

Image Бахшида ба таҷлили Рӯзи модар, таърихи 03.03.2017 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳо таҳти унвони Симои зан-модар дар офаридаҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар намоиш 32 адад асарҳои рассомони Тоҷикистон аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳоди тамошобинон гаштанд.

Дар ифтитоҳи намоиш намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалиева Сабоҳат Рустамовна иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар намоиш офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон Умаров А. П. - Модар, Наимов Б.  - Духтари куҳистон, Раҳимов А. - Дӯзанда, Ҳайдаров А. К. - Симои арӯс, Симои Г. Сафаралиева, Ёдгоров К. - Гулҳои Зарафшон, Белитский А. П. - София Ниёзова, Ҳомидова Н. - Дугонаҳо, Бесперстов А. Т. - Духтари Кӯлобӣ, Шипулин М. Н. - Симои Хайрӣ Назарова, Бесперстов А. Т. - Донишҷуён, Боборикин В. М. - Симои духтар ва дигар наққошиҳо нақши занону модарони тоҷикро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти рӯзмарра инъикос намуда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Намоиш то рӯзи 04.04.2017 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО