Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ»
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ»


5-августи соли 2016, соати 11-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ» (Аксҳои факсимиле аз маҷмуаи Осорхонаи мардумшиносии Россия) ифтитоҳ мегардад. Намоиш дар доираи Шартномаи ҳамкориҳои миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи мардумшиносии Россия (ш. Санкт-Петербург), ки соли 2015 ба имзо расидааст, ташкил карда шуда, зиёда аз 80 аксҳо, видеофилм дар асоси аксҳои суратгирони замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамзамон филм оид ба экспозитсияи Осорхонаи мардумшиносии Россия пешниҳоди тамошобинон мегарданд. Н
амоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ» тамошобинонро бо ҳаёти анъанавии рӯзмарра ва ҷашнии оилаҳои ибтидои асри ХХ-и халқҳои финну уғор, Поволже, Сибир, Кавказ ва Осиёи Миёна шинос менамояд. Сям'я (белорусӣ), энтаник (арманӣ), мишпаха (яҳудӣ), байит (ибрӣ), гаилэ (тоторӣ), оила (тоҷикӣ), гэр бүлэ (бурятӣ), дьиэ кэргэн (ёқутӣ) - чунин садо медиҳад калимаи «Оила» бо забонҳои гуногуни халқҳои АвруОсиё. Мафҳуми «Оила» дар ҷомеъаи анъанавии охири асрҳои XIX ва ибтидои XX нисбати замони муосир, маънии васеътарро ифода менамуд. Оила ба таври мустаҳкам бо тасаввури Хона алоқаманд буд. «Хона» ҳамчун манзили хурд ва бисёр азиз, ватани дӯстдошта асоси зиндагии инсон буд: он ба одамон нерӯи рӯҳӣ ва ҷисмонӣ бахшида, олами нотакрори фарҳанги миллиро муаян менамояд. Институти Оила дар ҷомеъаи анъанавии асри ХХ, новобаста аз зиндагонӣ дар минтақаҳои мухталиф, бо принсипҳои монанд бунёд гузошта шудаанд. Миёни онҳо ба авлоди муаян тааллуқ доштан (аслу насаб), бунёди оила тавассути хостгорӣ, тақсимоти меҳнат дар оила (мард - рӯзирасон, «бунёдгузор»-и хона, зан - нигоҳдорандаи оташи хонадон) маълум аст. Қисмати таърихии намоишро наворҳо оид ба ҳаёти оилаҳои аёми Шуравӣ (аз соли 1922 то миёнаи солҳои 1980) ташкил медиҳад, ки он тибқи маводи оҷонсиҳои иттилоотӣ омода гаштааст. Дар осорхонаи мардумшиносии Россия наздики 8000 суратҳо ҳифз карда мешавад, ки онҳо аз ТАСС, Союзфото, АПН ва редаксияҳои гуногуни рӯзномаҳои айёми шуравӣ ҷамъоварӣ шудааст. Асосан дар суратҳо ҳаёти оилавӣ тавассути институтҳои иҷтимоӣ аз қабили САҲШ, боғчаҳои бачагона, мактабҳо, кружокҳо, ҳамзамон ҷашнҳои умумидавлатӣ - Соли Нав, 1-май ва ғ. инъикос гаштаанд. Симои оилаҳои гуногунмиллати аёми Шӯравӣ, ки замони худро ба таври равшан инъикос менамоянд, дар корҳои суратгирони аҳди Шӯравӣ таҷассум ёфтаанд. Баргузории намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ» ин оғози ҳамкориҳои тарафайни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи мардумшиносии Россия буда, дар ифтитоҳи он кормандони Осорхонаи мардумшиносии Россия Чистякова Жанна Кушкаровна - мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Лиситсин Павел Петрович - корманди илмии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Андреева Яна Игорьевна - корманди илмии шуъбаи суратҳо иштирок менамоянд.

    Намоиши «Оила дар фарҳанги халқҳои АвруОсиё. Асри ХХ» то 30 августи соли 2016 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО