Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши Ашур Хайдаров
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Намоиши Ашур Хайдаров


Бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14.07.2016, соати 10 - 00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров (1916-1998) ифтитоҳ мегардад. Намоиш ба ифтихори 100 - солагии рассом аз ҳисоби мусаввараҳои дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузбуда ташкил карда шуд. А
шур Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар ш. Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои 1934 - 1938 дар омӯзишгоҳи рассомии Самарқанд дар ихтисоси муаллими расмкашӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мебошад. Соли 1955 ба шаҳри Душанбе омада, ба сифати рассом дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намудааст. Соли 1956 рассоми фонди бадеии Тоҷикистон, иштирокчии даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Москва мебошад. Аз соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС. Соли 1990 ба гирифтани унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми Халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

21-уми майи соли 1998 дар шаҳри Душанбе вафот намудааст. Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 38 асари Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Асарҳои ӯ ба тасвири табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихи халқи тоҷик аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Мирзо Ризо, Раҳим Ҳошим, ҳаёти рӯзмараи меҳнаткашон, ҳунармандон, занон ва табиати Тоҷикистон бахшида шудаанд. Мусаввараҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Шоир Абдураҳмони Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯ Алӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои Арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Раиси колхоз Мирзо Ризо», «Афтодани Аморат», «Мумфарш намудани роҳ» ва як зумраи дигар ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд. Наққоши чирадаст кӯшиш кардааст бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО