Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Иқдомоти "Шабе дар Осорхона - 2016"
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

Иқдомоти "Шабе дар Осорхона - 2016"

ImageБахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилаллии осорхонаҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шоми 18 майи соли 2016 иқдомоти Шабе дар Осорхона-ро баргузор намуд.

    «Шабе дар Осорхона - иқдомоти байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлатӣ нисбати фароғати фарҳангии шаҳрвандон, мусоидат ҷиҳати нақшбандии осорхона дар зеҳни тамошобинон ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Дар доираи ин чорабинӣ 12 маҳфилҳои гуногун аз қабили Минбари Рӯдакӣ - озмуни қироати шеърҳо аз ҷониби наврасон ва ҷавонон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ - Ҳафтранг, намоиши кашфиётҳои техникӣ - Ихтироъкорони ҷавон, санъати чеҳранигорӣ - Муъҷизаи қалам, озмуни аксҳои беҳтарини тамошобинон - Ман ва осорхона, экскурсияҳои мавзӯӣ вобаста ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи консертии Ғунчаҳои истиқлол ва аз ҷониби мутахассисони касбӣ дарсҳои устод-шогирд оид ба ҳунари кулолгарӣ ва бофандагӣ баргузор гардиданд. Дар девори берунии Осорхона дар пардаи намоишӣ филми ҳуҷҷатӣ оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ҳамзамон барои тамошобинони хурдсол озмуни зеҳнии Садои ҷонварон дар шабонгаҳ ва маҳфили Қаҳрамонҳои филмҳои санъати тасвирӣ дар Осорхона баргузор гаштанд. Ғолибони озмунҳои шеърхонӣ, акси беҳтарин, бозиҳои кӯдакона бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Шомгоҳи 18 майи соли 2016 аз соати 18:00 то 23:00 ворид шудан ба толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон озод буда, аз ин чорабинӣ 8000 нафар тамошобинон дидан намуданд.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО