Осорхонаи миллии Тоҷикистон - «Дурахши рангҳо» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

«Дурахши рангҳо» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Image

    Рӯзи 26.02.2016, соати 11-00 дар  Осорхонаи  миллии Тоҷикистон   намоиши асарҳои  Арбоби шоистаи  ҳунари  Ҷумҳурии Тоҷикистон Довутов  Зиёратшо «Дурахши  рангҳо» ифтитоҳ гардид, ки  дар  махзани ин  муассиса 18 асари  рассом ҳифз ва  нигоҳдорї мешаванд.

    Асарҳои  Довутов  Зиёратшо ба тасвири табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосири тоҷик аз қабили Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Сино, Куруши Кабир, Ардашер, Айнӣ, Турсунзода, зиндагии рӯзмараи меҳнаткашон, сарбозон, занон ва ғайра  бахшида шудаанд. Мусаввараҳои «Баҳри Норак», «Се шоҳи бузурги ориёӣ»,  «Рудакӣ», «Эҳё», «Донишҷӯ» ва як зумраи дигар  ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд. Наққоши чирадаст кӯшиш кардааст бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд. Мусаввараҳои рассом ғайр аз фонди Осорхонаи  миллии  Тоҷикистон ҳамчунин дар осорхонаҳои маъруфи  ш. Москва ба монанди  Нигористони Третяков (Третяковская галерея), Осорхонаи  Рус ( Русский музей) ва Осорхонаи санъати  Шарқ  (Музей восточного искусства) мавҷуданд. Зиёратшо Довутов мусаввир – ороишгари шинохта низ мебошад. Ӯ аввалин мусаввир –ороишгари Тоҷикистон буда, дар ороиши як қатор биноҳои фарҳангӣ - маърифатӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ороишгари  хона-музейҳои адибони шинохтаи тоҷик Садриддин Айнӣ,  Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сайдалӣ Вализода,  осорхонаи Восеъ, осорхонаи  таърихӣ-кишваршиносии ш. Турсунзода, бинои Сирки давлатӣ, меҳмонҳонаи Тоҷикистон, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ, муаллифи  девормусаввараҳои Чойхонаи миллӣ дар Данғара мебошад. Асарҳои ӯ дар китоб ва маҷмӯаҳои бахшида ба ҳунари тасвирӣ, ки дар Тоҷикистон, Россия ва Аврупо нашр шудаанд, ҷой дода шудаанд ва аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.   Зиёратшо Довутов шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки имрӯз дар ҷодаи ҳунари тасвирӣ босамар  фаъолият ва эҷод менамоянд.

    Ин рассоми мониқалам имрӯз ҳам фаъолона кору эҷод мекунад ва умед аст, ки минбаъд ҳам бо офаридаҳои нотакрори худ дар рушди ҳунари тасвирии тоҷик саҳми арзанда хоҳад гузошт. Зиёратшо Довудов 10 феврали соли 1946 дар деҳаи Равнов, н. Дарвоз таваллуд шудааст. Соли 1966 Омӯзишгоҳи рассомии Тоҷикистон ба номи Олимов ва с. 1971 Донишгоҳи ҳунари тасвирӣ ва ороишии саноатии ба номи Строгоновскийи ш. Маскавро хатм кардааст. Аз с. 1971 то с. 1999 дар Омӯзишгоҳи рассомии Давлатии Тоҷикистон ба номи Олимов бо таълиму тадрис машғул шудааст. Як муддат дар Фонди бадеиии Тоҷикистон кор кардааст. Дар айни замон дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шогирдон дарс медиҳад. Дар ин миён ӯ мунтазам бо корҳои эҷодӣ машғул шуда, як силсила мусаввараҳои ба жанрҳои гуногун  бахшида шударо офаридааст. 

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШГОҲ       МЕДИА       ТАМОС БО МО