Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Мизи мудаввар: «Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон»
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Мизи мудаввар: «Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон»

Рӯзи 13 марти соли 2020, соати 10:00 дар МД “Осорхонаи миллии Тољикистон” тибқи банди 6-и нақша-чорабиниҳои “Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 5500 – солагии Саразми бостонӣ зери унвони «Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон» мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Саразм ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Вароруд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон оғоз мегирад. Аҳамияти шаҳраки Саразми бостониро ба инобат гирифта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №391 аз 21 сентябри соли 2000 шаҳраки Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.

Боиси ифтихори миллати мост, ки шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун нахустин ёдгорӣ аз мероси таърихии тоҷикон, 21 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд. Дар нишасти илмӣ донишмандон ва пажӯҳишгарон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои илмии ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни нодиртарин ёдгории аҳди энеолит ва биринҷи Тоҷикистон “Саразми бостон” маърӯзаҳо намуданд.

Аз ҷумла дар нишасти мазкур масоили зерин мавриди таваҷҷӯҳи олимон қарор гирифт: 1. Саразм – ёдгори нодири аҳди энеолит ва биринҷӣ; 2. Саразм – намунаи олии фарҳанги шаҳрсозии аҳди бостон; 3. Ташаккули фарҳанги шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон; 4. Шаҳрҳои аҳди қадим ва бостон; 5. Шаҳрҳои асрҳои миёнагии тоҷикон.

 

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.