Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Павел Эргашев аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Павел Эргашев аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 26.02.2020 Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Эргашев Павел Исмоилович дар ҳошияи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд.

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Ба воситаи сайри осорхонавӣ меҳмонон аз бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ дар ошёнаи якуми Осорхонаи миллии Тоҷикистон шуруъ аз асри санг то асри VIII ва дар ошёнаи дуюм аз даврони «Сомониён» то асри XX дидан намуданд. Дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бошад, бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар ва толори «Туњфањои Президенти Љумњурии Тољикистон» шинос гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки меҳмонон дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунад, шинос гардиданд.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Павел Эргашев пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.