Осорхонаи миллии Тоҷикистон - «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан»
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

«Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан»

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, муаррифии он ба ҳамагон ва изҳори ғамхории давлат нисбат ба муҳофизони Тоҷикистони азиз санаи 15-уми феврали соли 2020 соати 10:00 бахшида ба 27- солагии Артиши миллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» ифтитоҳ ёфт.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Нахуст муовини директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода З. С. ба чорабинии ҷашнӣ ифтитоҳ бахшида, сипас намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Палковник Шарипов Суҳроб аз дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар даврони Истиқлолият ёдоварӣ намуд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани рӯҳияи Ватандустӣ аз ҷониби корманди Осорхона Нурматзода Ҳасан, корманди ансамбли “Шараф”и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Худойназар ва хонандаи синфи 10 -уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар н. Исмоили Сомонӣ Мастонов Муҳаммадиқбол суруди Ватан қироат гардид. Сипас аз тарафи хонандагони синфҳои 5 - уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар н. Исмоили Сомонӣ дар васфи Ватан ва Артиши миллӣ шеърҳо қироат шуд. Баъдан лентаи рамзӣ аз ҷониби иштирокдорон бурида шуда, тамошои намоиш оғоз ёфт. Дар намоиш барои иштирокдорон аз ҷониби кормандони Осорхона экскурсия баргузор гардид. Дар намоиш 88 акс ва дигар маводи марбут ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҷурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ дар намоиш муаррифӣ шуда, аксҳои Пешвои миллат бо афсарону сарбозон ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои низомӣ ва иштирок дар машқгоҳҳои ҳарбӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар қисми дигари намоиш аксҳо аз вохуриҳо ва боздиди Вазири мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо аз қисмҳои ҳарбӣ ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳангоми машқҳои ҳарбӣ, омодагии техникаи ҳарбӣ ва гузашти паради ҳарбӣ дида муаррифӣ гардид. Ҳамзамон дар намоиш маҷаллаҳои «Муҳофизони Ватан», рўзномаи «Ҷомии Ватан», «Паёми Донишкадаи ҳарбӣ» китобҳои ҷашнии Вазорати мудофиа, ки инъикосгари ҳаёти низомиёни кишвар мебошанд, пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Дар маркази намоишгоҳ тавассути оинаи нилгун тамринњои ҳарбии ҷузъу томҳои низомии кишвар тавассути наворњои ҷолиб манзури тамошобинон гардонида шуд. Ҳамзамон бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи Артиши миллӣ рўзњои 15 то 23 феврали соли 2020 ба таври ройгон 1000 нафар афсарону сарбозон аз Осорхона ва намоиши мазкур дидан менамоянд. Намоиш аз таърихи 15-ум то 24-уми феврали соли 2020 амал менамояд. Мақсад аз ташкили намоиш, чорабинии фарҳангӣ ва вохўрӣ бо афсарону сарбозони кишвар ин инъикоси муфассали фаъолияти заҳматталаб ва бошарафу содиқонаи муҳофизони Тоҷикистони азиз ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон мебошад.

 

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.