Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши «Об – сарчашмаи зиндагӣ»
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Намоиши «Об – сарчашмаи зиндагӣ»

профессор Исуфҷон Сангов таҳти унвони Об – сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид. Бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълондошти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор дар давраи солҳои 2018-2028» санаи 15.11.2019, соати 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои бадеӣ ва муаррифии китоби Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Исуфҷон Сангов таҳти унвони «Об – сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид.

Дар намоиш зиёда аз 80 асарҳои беҳтарини рассом пешниходи тамошобинон гардидааст. Дар офаридањои рассом, ки дар солҳои гуногун эҷод гардидаанд, манзараҳои зебо ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон ҳамчун диёри сарчашмаҳои обҳои мусаффо, чашмасорон, дарёҳо ва кўлҳо инъикос ёфтааст. Асарҳои офаридаи рассом аз қабили «Шаршараи Искандаркўл» соли 2018, «Ҷангал» соли 1983, «Зодгоҳ. Балҷувон» соли 2002, «Чилучорчашма» соли 2002, «Ёддошт» соли 2004, «Дар доманакуҳҳои Помир» соли 2002, «Дашти Ҷум» соли 1985, «Кўли кабуд» соли 2014, «Девори Ватан» соли 2002, «Ҳафтранги Роғун» соли 2001, «Суруди фалак» соли 2011, «Тирамоҳи хазонрез» соли 2002, ки аз шоҳасарҳои рассом маҳсуб меёбанд, дар толорҳои намоишӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар намоиши мазкур асарҳои рассом «Субњи Роғун» соли 1980 ва «Роғун» соли 1981 аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардидааст.

Намоиши «Об – сарчашмаи зиндагӣ» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 15.12.2019 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.