Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд

Нимаи дуюми рӯзи 28 октябри соли 2019 раисони кумитаҳо (комиссияҳо)-и парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъии назди Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Меҳмононро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, аз ҷониби кормандони осорхона ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри тамошои Осорхона аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар толорҳо ва гӯшаҳои намоишии Осорхона аз қабили «Саразм», «Оинни Зардуштӣ» «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфта, дар маҷмуъ экспозитсияи шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтаринро дидан намуданд. Ба ин восита онҳо бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то замони муосир, дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардиданд. Меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуданд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.