Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-майор Ермекбаев Нурлан Байзукович, ки дар доираи як сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бойю рангини миллати тоҷик шинос шуданд.

 

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Шуъбаҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд, ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ермекбаев Нурлан бо дигар ёдгориҳо ва нигораҳои таърихие, ки бозгӯкунандаи давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, шинос шуд. Ҳамин тариқ, ба меҳмонон дар бораи таърихи «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Тахти сангин», «Панҷакенти қадим», «Аҷинатеппа», «Сомониён», «Меҳроби Искодар» ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик маълумот дода шуд. Дар охир Ермекбаев Нурлан Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.