Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои миллии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Намоиши Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои миллии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим

Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бањри муаррифии осори ниёгон дар намоиши байналмилалии «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» ки аз таърихи 11 апрел то 14 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии Ҷумњурии Халқии Хитой (шаҳри Пекин) дар доираи чорабинии

«Мубодила ва омӯзиши мутақобилаи миёни тамаддунҳо» баргузор гардид иштирок намуд. Мақсад аз баргузории намоиш муаррифӣ намудани осори фарҳангу тамаддуни халқиятҳое, ки дар қарнҳои бостон ва имрӯз дар тӯли Роҳи Бузурги Абрешим зиндагонӣ менамоянд иборат буда, шинос намудани оламиён бо шоҳкориҳои офаридаи ҳунармандони кишварҳои масири ин роҳ дар замони фаъолияти Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва давраи баъдии он то охири асри XIX мебошад. .

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин намоиш, аз фонди тиллоии худ 15 адад экспонатҳои нодири таърихии марбут ба даврањои гуногунро аз қабили санг бо навиштаҷоти суғдӣ (асрҳои VII-VIII), кўзаҳои мунаққаши катибадори асрҳои X-XI, сипар бо тасвири фариштаҳо (асрҳои XV-XVI) коса, ҷом, лаълиҳои катибадори асри XIX, рангдону қаламдони асрҳои XVIII- XIX, ба маърази тамошо гузошт.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур ёдгориҳо аз осорхонаи таърихии ш. Москваи Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Осорхонаи миллии Муғулистон, осорхонаҳои таърихии кишварҳои Яман, Комбоҷа, Латвия, Словения, Руминия, Япония, Корея, Чин пешниҳоди тамошобинон гардиданд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.