Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бойю рангини миллати тоҷик шинос шуд...

Меҳмононро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд..

 

Шуъбаҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунад, писанди меҳмонон гардид. Дар осорхона ба меҳмонон намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадима дар маҷмӯъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид. Диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ҳаёту рӯзғор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадима, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун меъроси аҷдодӣ боқӣ мондааст, ҷалб гардид..

Шиксин Чен Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таассуроти нек дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои хешро дарҷ намуд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.