Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди Ноиби Президенти Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди Ноиби Президенти Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин дар ҳошияи саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Меҳмони олиро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода пешвоз гирифтанд..

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шуруъ аз асри санг давра ба давра то асри XX ва дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бошад, бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар ҳамчунин толори «Туњфањои Президенти Љумњурии Тољикистон» шинос гардиданд. Бояд зикр намуд, ки тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.