Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди аъзои оилаи Президенти Бангладеш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди аъзои оилаи Президенти Бангладеш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид баҳри иштирок дар 5-умин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15-уми июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд

Аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш баҳри шиносоӣ аз таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода пешвоз гирифтанд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шуруъ аз асри санг давра ба давра то асри XX ва дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бошад, бо дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар ҳамчунин толори «Туњфањои Президенти Љумњурии Тољикистон» шинос гардиданд. Бояд зикр намуд, ки меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд..

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонон дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуданд.

 

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.