Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 25 апрели соли 2019 иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия», ки намояндагони беш аз 15 кишвари дуру наздики олам мебошанд, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

 

Сайри тамошои Осорхона аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфта, экспозитсияи шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтаринро дидан намуданд.

Ба ин восита онҳо бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то замони муосир, дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардиданд.

Меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуданд..

 

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.