Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан»
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Намоиши «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан»

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 26-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишро бо номи «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» доир намуд.

Дар намоиш 23 акс ва дигар маводи марбут ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ дар намоиш муаррифӣ шуда, аксҳои пешвои миллат бо афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва иштирок дар машқгоҳҳои низомӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар қисмати дигари аксҳо бошад вохуриҳо ва боздиди Вазири мудофиа аз қисмҳои ҳарбӣ ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳангоми машқҳои ҳарбӣ, омодагии техникаи ҳарбӣ ва гузашти паради ҳарбӣ дида мешаванд.

Бо мақсади муаррифӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати мудофиа дар намоиш туҳфаҳое, ки аз дигар давлатҳо аз қабили Россия, Беларусия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Вазорати мудофиа эҳдо шуда, гузошта шудаанд.

Дар намоиши мазкур муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва муовини сардори раёсати Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Достиев Файзалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашн шодбош гуфтанд.

Вобаста ба ҷашни рӯзи “Артиши миллӣ” роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз 15 то 20 феврали соли ҷорӣ ба 860 нафар афсарону сарбозон ройгон хизмат расонанд. Ба онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа сайри илмӣ гузаронида мешавад.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.