Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Ҷоизаи «ЭКСПО-2017» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Ҷоизаи «ЭКСПО-2017» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, таҳти № 409 «Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 таҳти шиори «Истифодаи оқилонаи захираҳои об ва нерӯ» дар Намоишгоҳи мазкур ширкат намуд. Масъулияти ороиши бадеии гушаи тоҷикистонии «ЭКСПО-2017» ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Боисии ёддоши мебошад, ки барои ноил гардидан ба мукофотҳои фахрии ин Намоишгоҳ 115 мамлакати ҷаҳон ва 22 ташкилоти байналхалқӣ довталабӣ намуданд. Ғолибонро ҳакамони байналмилалӣ иборат аз 9 нафар муайян намудаанд.

Дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ Павилиони Тоҷикистон маҳз дар рӯзи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи тилло сарфароз гардида, ҷойи якумро ишғол намуд.

Мукофоти мазкур дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба буда, дар Осиёи Марказӣ танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ноил гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки сазовор гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мукофот аз сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои глобалии Президенти кишвар дар соҳаи об ва энергетика сарчашма мегирад.

Ҷоизаи мазкур бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии он ба меҳмонони дохилу хориҷӣ аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ба фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» супорида шуд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат