Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”

Санаи 25.07.2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар қисмати тантанавии намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ, Раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Хоҷаева, Рассоми халқии Тоҷикистон Комил Ёдгор ва Ғуломзода Қурбоналӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар рафти ифтитоҳи намоиш меҳмонон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи славянии Тоҷикистону Россия, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, намояндаи сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Ясмин Гуедар ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.

Дар намоиш офаридаҳои рассомон аз хазинаи мусаввараҳои фонди Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва бахши академияи мусаввирони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба миқдори 50 адад асар аз қабили мусаввараҳо ва кундал аз эҷодиёти рассомони машҳур: Лим А. П., Хушвахтов Х. Д., Ҳабибуллоев З. Н., Кузьмин Г., Смехов В., рассомони муосир Ёдгоров К., Ҷӯраев Ғ., Абдураҳмонов В., Эшонова Н., Ҷаборов А. ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Мазмун ва мундариҷаи асарҳои ба намоиш гузошташуда гуногун буда, аз ҷумла симоҳои барҷастаи намояндагони халқи тоҷик, воқеаҳои таърихӣ, ҳисси ватандӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва табиати зебою нотакрори Тоҷикистон тасвир ёфтаанд.

Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат