Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Туҳфаи наврасон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

   Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Туҳфаи наврасон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Осорхона - муассисаи фарҳангие мебошад, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳою нокомиҳо, дастовардҳои соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва иқтисодию сиёсии он, ҳамчунин сарнавишти фарзандони номдору боризи миллати тоҷикро инъикос мекунад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ниҳоди фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифӣ намудани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик нақши басо муҳим ва назаррас дорад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти оммавӣ-маърифати осорхонавӣ ин пешбурди корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷиҳати ҷамъоварии мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Бо мақсади такмили фонди Осорхона ҳамарӯза аз ҷониби ходимони илмии Осорхона дар рафти гузаронидани экскурсияҳо ба тамошобинон доир ба ҷамъоварии осори таърихӣ корҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад.

Албатта, ҳамин натиҷаи хуби фаъолияти осорхонавӣ буд, ки санаи 26.06.2018 як гуруҳ хонандагони синфи 6-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №118-и ноҳияи Рӯдакӣ аз қабили: Азизов Умед Абдулазизович, Саидов Юсуф Мақсудович, Шарифов Шарифхуҷа Ҳусейнович ва инчунин Нилов Андрей, ки хонандаи мактаби №110-и шаҳри Санкт-Петербург мебошад, як қатор ашёҳои таърихиеро, ки аз ҳудуди ноҳияи мазкур бозёфт намуданд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо намуданд.

Дар натиҷаи таҳқиқ ва пажуҳиши мутахассисони соҳа муайян гардид, ки ашёҳои бозёфтгардида, аз зарфҳои сафолии мунаққаш иборат буда, мансуб ба асрҳои миёна мебошанд.

Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин амали хонандагонро қадрдонӣ намуда, онҳоро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.

Дар воқеъ ин амали хонандагон боиси таҳсин буда, мебояд сабақи ибрати дигар нафарон бошад. Зеро ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани бозёфтҳои таърихӣ яке аз вазифаҳои асосии шаҳрвандон мебошад.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат