Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди хонум Хю Зеҷун аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Боздиди хонум Хю Зеҷун аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ҳайати расмии дастгоҳи Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии хонум Хю Зеҷун, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарварии директори Осорхона Абдувалӣ Шарифзода пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар рафти сайри осорхонавӣ меҳмонон ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик аз ҷумла, ба бозёфтҳои шаҳрҳои Саразм, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, “Ступпаи буддоӣ” бозёфт аз ноҳияи Ховалинг (асрҳои VII-VIII), “Меҳроби Искодар” ва коллексияи тиллогин дар толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи бештар намуданд.

Меҳмонон ба воситаи боздид аз толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таърих ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Баъд аз тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон роҳбари ҳайати расмии дастгоҳи Раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Хю Зеҷун чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои худро китобат намуд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.