Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таърихи 25.07.2018, соати 10:00 дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар намоиш офаридаҳои рассомон аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ташабускорони намоиш: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Санаи 20 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Мамнун Ҳусейн дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарварии директори Осорхона Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони урду, ки забони асосии аҳолии Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад, сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олӣ ва ҳайати ҳамроҳаш ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуданд. Аз ҷумла ба бозёфтҳои давраҳои Ҳахоманишиҳо, Панҷакенти қадим, давлати Сомониён, китобҳои нодир дар гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик - “Меҳроби Искодар”, санги катибадор дар толори “Хушнависӣ” (навиштаҷоти Мирзо Бобур дар рӯи санг) ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мароқи бештар зоҳир карда шуд.

Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик огаҳии бештар пайдо намуданд.

Баъд аз тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Мамнун Ҳусейн ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат