Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Шиносоии Зубайр Маҳмуд Ҳаёт аз таърих ва фарҳанги халқи тоҷик
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

   Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Шиносоии Зубайр Маҳмуд Ҳаёт аз таърих ва фарҳанги халқи тоҷик

Рӯзи 30.05.2018 Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт баҳри ошно гардидан аз таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ ва бо забони асосии аҳолии Ҷумҳурии Исломии Покистон (урду) сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон ба бозёфтҳои ҳамаи давраҳои таърихии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуданд.

Баъд аз тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайр Маҳмуд Ҳаёт чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон тассуроти хешро чунин дарҷ намуд: “Таърихеро, ки ман имрӯз дидам “таърихи муштарак”-и мо мебошад. Мо аз ин ифтихор дорем. Ташаккури зиёд барои ҳифзи он”.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат