Осорхонаи миллии Тоҷикистон - «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таърихи 25.07.2018, соати 10:00 дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар намоиш офаридаҳои рассомон аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ташабускорони намоиш: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»

Ҳафтоду се сол муқаддам ҳаёти мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравиро, ки Тоҷикистон низ ба он шомил буд, ҳамлаи ногаҳонии душман ба ташвиш андохт. Аммо иродаи қавӣ ва номусӣ ҳифзи Ватан ба мардуми Иттиҳод ғалабаро ҳадя намуд ва ин ғалаба дар саҳифаи таърих то имрӯз варақгардон мешавад. Аз ҷониби дигар ба поси хотири матонату ҷавонмардии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳмати мардуми ақибгоҳ барои ёддошт ва баёни миннатдорӣ ба иштирокчиёни ин ҷанг дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳар гуна намоишҳову чорабиниҳо гузаронида мешавад. Осорхонаҳои Тоҷикистон махсусан Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ ин давраро комил инъикос менамоянд.

Санаи 3 майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор гардид.

Дар бахши тантанавӣ оркестри созҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусиқиҳои ҳарбӣ навохтанд, ки ин шунавандагонро водор намуд ҳодисаҳои замони ҷангро эҳсос намоянд.

Дар қисми тантанавӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ баромад карда, ба намоиш ҳусни оғоз бахшиданд ва миннатдории худро барои саҳми босазои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаӣ, ки баҳри ояндаи дурахшони наслҳои оянда ҷони хешро дареғ надоштанд ва ба ҳифзи Ватан матонат нишон доданд, баён намуданд.

Бо сухани навбатӣ Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратович иброз намуд: “Мӯҳтарам иштирокчиёни ҷаласаи имрӯза! Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷанги Бузургии Ватанӣ таассуроту фаҳмиши дуруст бояд пайдо кунад, бояд донанд, ки чӣ гуна қаҳрамонӣ нишон додаанд ва барои зиндагии осоиши фарзандони худ ҷони худро фидо кардаанд. Дар таърихи инсоният ин ҷанг яке аз ҷангҳои шаддидтарин ба ҳисоб меравад. Бо муносибати 73-юм солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи шумоёнро табрику таҳният гуфта, барои шумоён саломатӣ, бахту саодат ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорам”.

Ҳисси баланди ватандӯстӣ аз шунидани суруди “Ватан”, ки аз тарафи корманди калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Нурматзода Ҳасан ва донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Юсупов Акбар ба ҳозирин аён гардид. Хонандагони мактаби миёнаи умумии №8 – и ш. Душанбе бо шеърҳо Ватан, Модар ва Тоҷикистонро васф намуданд. Бо ҳамин қисми тантанавии чорабинӣ ба итмом расид ва намоиши “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” манзури ҳозирин гардид.

Дар намоиши мазкур аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёрини Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ ва мактубҳои Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Лавозимотҳои ҷангӣ аз қабили: сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, дурбини иштирокчии ҷанг Қодиров Чароғ, обдон ва қутбнамои иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, кулоҳи чармии Додоҷонов М., ки дар намоиш гузошта шудаанд, солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд. Пешниҳод шудани ордену медалҳо дар намоиш аз далерию матонати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматҳои фаромӯшнашавандаи заҳматкашони ақибгоҳ шаҳодат медиҳад ва боздиди ин маводҳо ба тамошобин эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебахшад.

Ҳамзамон аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 24 адад мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд пешниҳоди тамошобинон мегарданд, ки офаридаҳои рассомон Қосимов А. А. “Гусел”, Рахнаев И. Р. “Симои қаҳрамони ҷанг Н. Қарабоев”, Сангов Ю. Н. “Вохӯрии ғолибон”, Салманов Ф. А. “Душман нигоҳ дошта шуд”, Камелин А. Н. “Помир дар солҳои ҷанг”, Никитин Н. Н. “Дуои модар” инъикосгари ин саҳифаи таърихи тоқик мебошанд. Дар намоиш 8 адад аксҳои қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тӯйчӣ Эрҷигитов, Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Урунбек Яъқубов ва 5 адад плакатҳои гуногуни марбут ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Бахшида ба рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор намудани чунин намоишҳо ба насли наврас ва ҷавонон сабақи ибрат омӯхта, боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ мегардад.

Намоиши “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 20 майи соли 2018 идома меёбад.

 
Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат