Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Боздиди муовини вазири корҳои хориҷии Уммон Муҳаммад ал – Зарафӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таърихи 25.07.2018, соати 10:00 дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар намоиш офаридаҳои рассомон аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ташабускорони намоиш: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

Боздиди муовини вазири корҳои хориҷии Уммон Муҳаммад ал – Зарафӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ки рӯзҳои 3 - 4 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муовини вазири корҳои хориҷии давлати Уммон Муҳаммад ал – Зарафӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Ба меҳмонон аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Экспозитсияи шуъбаи табиати Осорхона бо инъикоси минералҳои қимматбаҳо, ҳайвоноту наботот, диорамаҳои парваришгоҳу мамнуъгоҳояш меҳмононро бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос намуд. Ҳамин тариқ, сайри осорхонавӣ бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.

Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар ёдгориҳои таъриихи замони Сомониён махсусан ҳунари кандакории рӯи чӯб ва машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик «Меҳроби Искодар» ба худ ҷалб намуд. Вақте, ки директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ бо ҳисси баланди миллӣ дар бораи ёдгории мазкур нақл мекард, меҳмонон ба ӯ аҳсан гуфта, баҳри ҳифз ва ҷамъоварии мероси таърихӣ бурдборӣ таманно намуданд.

Пас аз тамошои осорхона, меҳмонон оиди таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас Муҳаммад ал - Зарафӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат