Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

   Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Муассисаи Давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи 16-ноябри соли 2017, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор намуд. Тавассути чунин чорабинӣ дар ин рӯз ба миқдори 2000 нафар тамошобинони дохиливу хориҷӣ имкон пайдо намуданд, ки ба тариқи ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ боздид намоянд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсус бо номи “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал менамояд, ки дар он туҳфаҳое, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳову кишварҳои гуногун ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо шудаанд ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар ин толор коллексияи осори тиллоӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхона ҳадя шудааст манзури тамошобинон гардонида шуданд.

Дар баробари ин, тамошобинон аз толорҳои намоишии шӯъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шӯъбаи таърихи нав ва навтарин, инчунин шӯъбаи табиат ва шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳрабардорӣ намуданд. Онҳо бо таърихи гузаштаи ниёгон ва имрӯзи дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон, ҳамзамон бо табиати дилангези кишварамон – Тоҷикистони азиз, бо набототу ҳайвонот ва парандагони он аз наздик шинос шуда, ғизои маънавӣ бардоштанд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат