Осорхонаи миллии Тоҷикистон - 1917. Рамзи Инқилоб
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Сомонаҳо…

1917. Рамзи Инқилоб

Санаи 10.11.2017 Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Инқилоби Октябр ҳамчун рӯйдоди таърихӣ намоиши «1917. Рамзи инқилоб»-ро баргузор намуд.

Дар ифтитоҳи намоиш сафирони Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорусия, Арманистон, Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Қисми тантавии намоишро Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода шурӯъ ва сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов вобаста ба Инқилоби Октябр суханронӣ намуд.

Дар намоиш беш аз 50 адад аксҳои бойгонии Федератсияи Россия ва 14 адад мусаввараҳои рассомони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар онҳо ҳодисаву рӯйдодҳои Инқилоби Октябр инъикос ёфтаанд.

Асарҳои офаридаи рассомон Ҳайдаров А. Қ. “Декрет дар бораи замин”, “Сарнагуншавии аморат”, “Шӯълаи Октябр”, “Озодшавӣ аз зиндони амир”, Яралова Г. А., Абдураҳмонов М. А. “Замин ба деҳқонон”, Никитин Н. Н. “Декрет дар бораи замин”, Никитин Н. Н., Пономарёв А. М. “Вохӯрии В. И. Ленин бо намояндагони Осиёи Миёна, октябри соли 1920”, Флёрова Е. “Комсомолкаҳо”, Серебрянский Б. “Сталин номзади аввалин”, Сапронов В. П. “Намояндагони Туркистон дар назди В. И. Ленин” ҷолиби диққат буда, тамошобинонро бо воқеаҳои таърихӣ шинос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Инқилоби Октябр як таконе буд, ки мардуми тоҷикро дар муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёт такомул дода, барои истиқлолияти тоҷикон заминаҳои асосиро фароҳам овардааст.

Ҷустуҷӯ…
Соат
Реҷаи қабул

Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

 

       АСОСӢ       ОИДИ ОСОРХОНА       ТОЛОРҲО      НАМОИШҲО       МЕДИА       ТАМОС БО МО