Санаи 26 октябри соли 2017 Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи ин сафар аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ меҳмонро бо ҳайаташ дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона истиқбол гирифт.
Ба меҳмонон корманди калони илмии осорхона Қиматшоев Мафтун бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронид. Меҳмонон экспозитсияи толорҳои намоиширо бо мароқи зиёд тамошо карда, ба таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик ошно шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки Такехико Накао ба бозёфтҳои гуногуни ёдгориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар экспозитсияи толорҳои наоишии ОМТ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, мароқ зоҳир намуда, дар ин миён саволу посухҳои зиёде сурат гирифтанд.
Баъд аз анҷоми сайри осорхонавӣ Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳояшро қайд намуд.
Дар охир Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» |
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд) |
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон. |
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://newnmt.tj иҷозат дода мешавад. |