Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Прокурори генералии шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Реҷаи қабул

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Эълон

   Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”-и Осорхонаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Прокурори генералии шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Санаи 19.10.2017 дар доираи сафари корӣ Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Меҳмононро шахсони масъул аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона меҳмононро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ ва Прокурори шаҳри Душанбе Сайидзода Хайрулло қабул намуда, онҳоро ба Осорхона хайрамақдам намуданд. Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ҷавони Осорхона бо забони арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Онҳо сараввал аз харитаи релефии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, сипас бо толорҳои экспозитсияи шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки бештар диққати меҳмононро бозёфтҳои шаҳраки Панҷакенти бостонӣ, деворнигораҳои Панҷакент, намунаи либоспушии занону мардони он давра, китобу дастхатҳои нодир, маъбади Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Меҳроби Искодар ва толори туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.

Сипас Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.

Дар анҷом ба меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон чун нишонаи меҳру муҳаббат туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Ҷустуҷӯ…

«2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Соат