Осорхонаи миллии Тоҷикистон - АСОСӢ
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

"Набзи ҷавонӣ" дар Осорхона

Sample ImageБахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар таърихи 12-майи соли 2017, соати 17-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши “Набзи ҷавонӣ” ифтитоҳ меёбад. Дар намоиш зиёда аз 40 адад мусаввараҳо - офаридаҳои устодон ва донишҷуёни Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва асарҳои эҷоднамудаи устодон ва шогирдони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Намоиши "Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем"

Sample ImageБо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 4 майи соли 2017, соати 11:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар фашизм намоиши «Мо дар муборизаи зидди натсизм якҷоя будем» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ин намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат аз Тоҷикистон, сафирҳои Федератсияи Россия, ШМА, Олмон, Қазоқистон, Қирғисистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, донишҷуёну устодон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Меҳмонон дар Осорхона миллӣ

Sample ImageТаърихи 14.04.2017 иштирокчиёни Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Ба меҳмонон экспонатҳои шуъбаи табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, санъати тасвирӣ писанд омаданд. Аз ҷониби кормандони ОМТ барои меҳмонон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ экскурсия гузаронида шуд.

Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз - 2017”

Sample ImageБахшида ба Наврӯзи бузург ҳар сол дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз-2017” баргузор мегардад. Рӯзи 18.03.2017, соати 10-00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ ёфт. Дар намоиши мазкур ёдгориҳо ва асарҳои дар давоми як сол ба фонди Осорхона воридшуда ба намоиш гузошта шуданд.

Намоиш ба ифтихори "Рӯзи модар"

Sample ImageБахшида ба таҷлили Рӯзи модар, таърихи 03.03.2017 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳо таҳти унвони Симои зан-модар дар офаридаҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар намоиш 32 адад асарҳои рассомони Тоҷикистон аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳоди тамошобинон гаштанд.

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.