Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Сафар Амиршоев
Реҷаи қабул

Нархномаи чиптаҳо дар ОМТ

Меҳмонон
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм

Бостоншиносӣ
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x
Экспонатҳо
Vinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.xVinaora Nivo Slider 3.x

Полевая сумка Сафар Амиршоев

Дар намоиш сумкаи саҳроӣ аз Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев  пешниҳод шудааст. Сафар Амиршоев  соли 1912 дар деҳаи Заргари ҳозира  ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1935 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар шаҳри Сталинобод дар ҳайати полки 47-уми кӯҳгарди савораи тоҷик аввал ҳамчун аскари қаторӣ ва пас аз хатми мактаби 6-моҳа ёрдамчии командири взводи савора (то с. 1937) буд.

Сафар Амиршоев декабри 1941 ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Дар ҳайати батареяи 5-уми дивизиони 2-юми полки 206-уми артиллерии дивизияи 8-уми артиллерии захираҳои Сарфармондеҳи Олии ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Воронеж, сипас дар ҳайати полки 213-уми артиллерии гвардиявии корпуси 5-уми артиллерии Армияи 5-уми Белоруссия ба сифати командири дастаи тӯпчиён ҷангидааст. Дар яке аз муҳорибаҳо бо тӯпи худ гитлерчиёни бисёреро нобуд сохта, аслиҳаи ҷангии онҳоро ғанимат гирифт. Субҳи 16 июли 1944 бригадаи 8-уми артиллерӣ ба канори шаҳрчаи Жожмаряйи Литва наздик шуд.

Душман бо 58 танк ва сарбозони зиёд ба ҳуҷум гузашт. Ҷанги шадид сар шуд. Сафар Амиршоев аввалин шуда оташ кушод. «Шоҳпаланг» якбора дар ҷояш истоду аз он дуд фағона зад. Душман якбора ба муқобили тӯпи Сафар Амиршоев 12 танкро сафарбар кард. Сафар Амиршоев танки якумро сӯзонд. Яке аз снарядҳо дар назди тӯпи Сафар Амиршоев таркид. Сипари чапи тӯп сӯрох шуда, тӯпи Сафар Амиршоев таркид ва худи Сафар Амиршоев захмӣ шуд. Шикастапораи снаряд синаи ӯро шикофта, аз миёнаи шонааш баромада буд.

Сафар Амиршоев оғуштаи хун ҷангро давом дода, боз як танки душманро тарконд. Қаҳрамонии бемисли ӯ ҷанговаронро рӯҳбаланд кард. Онҳо чор танкро аз кор бароварданд. Душман ақиб гашт ва  дар ин муњориб Сафар Амиршоев а  њалок гашт. Бо фармони Президиуми Советї Олии ИҶШС аз 25 сентябри соли 1944 ба сержанти калон Сафар Амиршоев, баъд аз марг, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Бо орденҳои “Ленин”, “Ситораи Сурх” ва медалҳои «Барои шуҷоат» ва «Барои мудофиаи Сталинград» сарфароз гардидааст.

SafarAmirshoev320

Ҷустуҷӯ…

Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

(Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд)

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соат
© 2017 Сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона  http://newnmt.tj  иҷозат дода мешавад.